Январ 23, 2020 16:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон давлати ин кишварро имсол муваззаф ба афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ то 87 миллиард сомонӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи давлати ин кишвар гуфт, соли гузаштаи милодӣ бо талошҳои хастагинопазири сокинони Тоҷикистон бо натоиҷи мусбати чашмгире ба поён расид. Ба гузориши “Форс”, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон низ дар мавриди тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар дар соли 2019 гуфт, дар соли гузашта мизони тавлиди нохолиси дохилии кишвар 77.3 миллиард сомонӣ ва рушди иқтисодӣ ҳам дар муқоиса бо соли 2018 7.7 дарсад будааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири дороии Тоҷикистон дар ин иҷлос даромади буҷаро 23.2 миллиард сомонӣ эълом кард, ки 79.5 миллион сомонӣ камтар аз мизони пешбинишуда буд. Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи молиёти Тоҷикистон низ дар мавриди иҷро нашудани дарёфти 3 навъ молиёт, ки мунҷар ба коҳиши даромади 852 миллион сомонии буҷа шуд, суханронӣ кард.

Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси мубориза бо фасод ва Қарахон Чиллазода, раиси Утоқи муҳосибот низ эълом карданд, ки соли гузашта аз 1410 ниҳоди мухталиф бозрасӣ шуд.

 

Назарҳо