Январ 24, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ларзид

Зилзилае 5 риштерӣ зӯҳри имрӯз бахшҳое аз шарқи Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гузориши “Форс”, ин заминларза соати 12:09 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба бузургии 5 риштер дар минтақаи Лахши Тоҷикистон ба вуқӯи пайваст.

Бинобар иттилооти Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон, маркази ин зилзила дар 260 километрии шимолу шарқи Душанбе дар шарқи минтақаи Лахш қарор доштааст.

Шиддати ин зилзила дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 2 риштер будааст.

Ҳанӯз аз хисороти эҳтимолии ин зилзила хабаре дар даст нест.

 

Барчасп

Назарҳо