Январ 25, 2020 12:16 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони рақобатҳои байналмиллалии куштии фарҳангии Ҷоми Тахтӣ шуд

Чилумин давраи рақобатҳои байналмиллалии куштии фарҳангии Ҷоми ҷаҳон паҳлавон Тахтӣ ҷумъа шаб бо қаҳрамонии тими миллии Эрон дар Шероз , ҷунуби Эрон поён ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , дар ин рақобатҳо ,ки бо ҳузури116 куштигири дохилӣ ва хориҷӣ баргузор шуд, пас аз тими Эрон ,ки бар секуи қаҳрамонӣ истод ,тимҳои Арманистон ва Тоҷикистон ба тартиб дуввум ва севвум шуданд.

Эрон бо 97 куштигир , Арманистон бо 10 куштигир , Тоҷикистон бо се куштигир ва Қазоқистон , Қирғизистон ва Русия ҳам ҳар кадом бо 2 куштигир дар ин рақобатҳо ҳузур доштанд.

Чилумин давраи рақобатҳои баналмилаллии куштии фарҳангии Ҷоми ҷаҳон паҳлавон Тахтӣ рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дар Шероз бургузор шуд.

Назарҳо