Январ 26, 2020 09:24 Asia/Dushanbe
  • Фуруши 10 ҳазор ҷилд китоб дар муддати 5 соат дар Душанбе

Дар бозори китоб дар шаҳри Душанбе дар муддати 5 соат беш аз 10 ҳазор китоб ба фуруш расид, ки бештари ин осор мутааллиқ ба бузургони адабиёти форсӣ будааст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Давлат Сафар мудири интишороти Адиб гуфтааст, ки баргузории бозори фуруши китоб бо истиқболи густардаи сокинони шаҳри Душанбе рӯ бу рӯ шуда, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон собиқа надошт.

Вай афзуд, нархи китобҳои пешниҳодшуда дар ин бозор дар муқоиса бо фурушгоҳҳои китоб арзонтар буд.

Ба гуфтаи Давлат Сафар барои хариди Маснавии маънавӣ-и Мавлавӣ ва Куллиёти устод Лойиқ Шералӣ сафҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омад ва кормандони интишороти Адиб барои овардани ин осор дубора ба анбор рафтаанд.

Аз дидгоҳи мудири интишороти Адиб барпоии ин бозор нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон ба осори бузургони адабиёти форсӣ монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва Соиб ва адибони қарни 20-уми Тоҷикистон устод Садриддини Айнӣ ва Лойиқ Шералӣ алоқамандии беназире доранд.

Назарҳо