Январ 26, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Ризояти гардишгарони хориҷӣ аз фаолияти полиси гардишгарии Тоҷикистон

Раиси полиси гардишгарии Тоҷикистон гуфтааст, ки гардишгарони хориҷӣ аз фаолияти ин ниҳод ибрози ризоятмандӣ мекунанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Дилафрӯз Каримова таъкид кардааст, ки ба манзури таъмини амнияти гардишгарони хориҷӣ посгоҳҳои наве дар соли 2019 дар вилояти Бадахшон, Панҷи поён дар марз бо Афғонистон, шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Кулоб, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Спитамон ифтитоҳ шудааст.

Вай гуфтааст, ки полиси вижаи гардишгарӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар соли 2018 таъсис шуд, ки ҳадафи ин ниҳоди нав таъмини амнияти гардишгарони хориҷӣ, роҳнамоии онон ва кумак ба ин ашхос дар шароити изтирорӣ аст.

Полиси гардишгарии Тоҷикистон ба маҳзи вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар иттилооти мавриди ниёзро дар ихтиёри онон қарор медиҳад ва ин ашхос метавонанд дар муддати 24 соат бо кормандони ин ниҳод дар тамос бошанд ва ҳазинае низ пардохт нахоҳанд кард.

Акнун дар тамомии маконҳои мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ, кормандони полиси гардишгарии Тоҷикистон ҳузур доранд ва ба ин ашхос мушовира медиҳанд.

Бештари кормандони полиси гардишгарии Тоҷикистон ба забонҳои русӣ ва англисӣ тасаллут доранд ва метавонанд бо гардишгарони хориҷӣ тамос барқарор кунанд.

Бар асоси эъломи мақомоти Тоҷикистон дар соли 2019 наздик ба як миллиону 500 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба ин кишвар сафар кардаанд.

Барчасп

Назарҳо