Январ 26, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Радди овозаҳои фуруши ширкати  алюминийи Тоҷикистон ба Чин

Сухангӯи ширкати алюминийи Тоҷикистон овозаҳои фуруши ин корхона ба Чинро беасос хонда ва гуфтааст, ки ин мавзӯъ бо фуруши саҳоми молии ин ширкат мутафовит аст.

Ба нақл аз сомонаи Ховар, Игор Сатторов бо ишора ба тасмими Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси фуруши саҳоми молии ин корхона ба хориҷ гуфтааст, ки ин мавзӯъ ба баҳси бозсозии ин марказ аз сӯи Чин иртиботе надорад ва ҷазби сармояи хориҷӣ аз ҳисоби вогузории саҳоми молии ин ширкат ба манзури фаолияти зермаҷмуаҳои он хоҳад буд.

Вай афзуд, музокира бо Чин бар сари ҷазби қарзи 545 миллион долларии ин кишвар барои бозсозии корхонаи алюминийи Тоҷикистон аз соли 2019 оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Бар асоси ин созишнома, бозпардохти қарзи Чин аз сӯи ин корхона ба тадреҷ бо фуруши маҳсулот анҷом хоҳад шуд.

Бо поёни бозсозии ин корхона, солона 300 ҳазор тонна алюминий дар ин воҳид тавлид хоҳад шуд.

Сатторов таъкид карда, ки корхонаи алюминийи Тоҷикистон, ки то соли 2014 солиёна беш аз 400 ҳазор тонна маҳсул тавлид мекард дар чаҳор соли ахир ин шохисро ба сад ҳазор тонна коҳиш додааст.

Далели коҳиши шадиди тавлиди маҳсулоти ин корхона фарсудагии таҷҳизоти он эълом шудааст.

Аз сӯи дигар Шариф Раҳимзода раиси Кумитаи иқтисод ва андози Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ гуфт, танҳо бахше аз ин ду тарҳи муҳими миллӣ ба фуруш гузошта мешавад.

Назарҳо