Январ 27, 2020 13:15 Asia/Dushanbe
  • Духтарони Эрон ва Узбакистон дар финали мусобиқоти футболи КАФА дар Тоҷикистон

Тимҳои футболи зери 19 соли духтарони Эрон ва Узбакистон бо се пирӯзии пай дар пай ва касби 9 имтиёз ба дидори ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, тими футболи зери 19 соли духтарони Эрон дар севвумин дидори худ дар баробари Туркманистон 12 бар сифр ба пирӯзӣ расид ва ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт.

Тими Эрон дар дидорҳои қаблии худ муқобили Тоҷикистон ва Афғонистон низ ду пирӯзии пур гол ба даст оварда буд. Тими Узбакистон низ бо пирӯзӣ муқобили Афғонистон бо ҳисоби 3 бар сифр рақиби Эрон дар финали ин мусобиқот шуд.

Дидори ниҳоии тимҳои футболи зери 19 соли духтарони Эрон ва Узбакистон дар мусобиқоти КАФА дар Тоҷикистон сешанбе 28 январ соати 18 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Тими футболи зери 19 соли духтарони Тоҷикистон  ҳар се бозии худро дар баробари Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон бохтааст.

Назарҳо