Январ 27, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии парвандаи 30 зиндонӣ ба иттиҳоми заминасозии ошуб дар зиндонҳои Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки 70 нафар аз зиндониёни омили ошуб дар зиндонҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат ба афзоиши давраи зиндон маҳкум шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Юсуф Раҳмон дар Нишасти Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар посух ба пурсиши яке аз намояндагон дар бораи мубориза бо терроризм афзуд, ҳамчунин парвандаи 30 нафари дигар ба иттиҳоми заминасозии ин ошубҳо дар ҳоли баррасӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки манобеи хабарӣ шумори ашхосеро, ки ба ҷурми даст доштан дар ошуби зиндонҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд 80 нафар эълом мекунанд.

Наздикони ин ашхос судури ҳукмҳои сангин алайҳи ин зиндониёнро ғайримунсифона унвон мекунанд.

Дар ду ҳодисаи ошуб дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат 50 нафар кушта шудаанд, ки ба гуфтаи мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон теъдоде аз ҷонбохтагон кормандони зиндонҳо будаанд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон муътақиданд, ки авомили бурузи ошуб дар зиндонҳои ин кишвар аъзои гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ аз ҷумла ДИИШ будаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар соли 2019 дар Тоҷикистон ҳазору 62 маврид ҷиноят марбут ба терроризм ва ифротгарӣ сабтшуда, ки дар муқоиса бо соли 2018, 306 маврид афзоиш нишон медиҳад. Аз дидгоҳи вай терроризм, бузургтарин омили таҳдидкунандаи амнияти миллии ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Барчасп

Назарҳо