Феврал 13, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ширкати сафири Тоҷикистон дар Кувейт дар Иҷлоси шабакаи байни исломӣ барои мудирияти манобеъи об

Сафири Тоҷикистон дар Кувейт дар ёздаҳумин Иҷлоси шабакаи байни исломӣ барои мудирияти манобеъи об ширкат кард.

Ёздаҳумин Иҷлоси ҳайати мудирияти шабакаи байни исломӣ барои тавсиъа ва мудирияти манбаъҳои об дар санаи 9 то 10 феврал, дар шаҳри Аммон, пойтахти Урдун баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Кувейт дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ кард.

Сафири Тоҷикистон нақши калидии ибтикороти ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили марбут ба манобеъи об,ки дар иртиқо ва иҷрои ҳадафҳои тавсиъаи пойдори манобеъи об муҳим арзёбӣ кард.

Назарҳо