Феврал 15, 2020 09:54 Asia/Dushanbe
  • Озод шудани 90 нафар аз карантинаи вируси Карона дар Душанбе

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон 90 нафар атбоъи ин кишварро ,ки аз бозгашт аз Чин дар бемористони шаҳри Душанбе карантина шуданд , ҷавоб карданд.

Ба нақл аз сомонаи Таҷикта, ин афрод пас аз 14 рӯзи карантина дар бемористон ва мушоҳида нашудани алоими мубтало ба вируси Карона аз бемористон мурахас шуданд.

Қарор аст 148 нафари дигар аз атбоъи Тоҷикистон ҳам,ки аз Чин ба кишварашон бозгаштанд 15 феврал пас аз озмоиш ва итминон аз мубтало нашудани онон ба вируси Карона аз бахши уфунии бемористони шаҳри Душанбе ҷавоб шуданд.

Теъдоди афроде,ки зери назари пизишкони мутахасис дар бахшҳои вижаи бемориҳои уфунии бемористони шаҳри Душанбе карантина шуданд , 900 нафар эълом шудааст, ин афрод атбоъ ва донишҷуёни тоҷик ва коргарони чинӣ ҳастанд ,ки пас аз шуюъи вируси карона дар Чин ба Тоҷикистон бозгаштанд онҳо бояд ба муддати ду ҳафта дар карантина бистарӣ шаванд.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд ,ки то кунун дар ин кишвар ҳеҷ мавриди мубтало ба вируси Карона гузориш нашудааст.

Назарҳо