Феврал 15, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти ( Дафтари маъмурияти арзёбии интихоботи Аврупо ) дар Тоҷикистон

Дафтари маъмурияти арзёбии интихоботи Аврупо дар Тоҷикистон , фаъолияти худро оғоз кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , ин дафтар ба раёсати сафиО Аберҳорд Пугел дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Пас аз даъвати Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои назорат бар интихоботи Парлумонӣ , 9 то 12 дафтари Созмони ниҳодҳои демократик ва ҳуқуқи башар  ODIHR аз декабри 2019 дар ин кишвар мустақар шуда ва мутобиқ бо дастурамали он , барои ин интихобот як дафтари маъмурияти арзёбии интихобот (EAM ) ро ҳам роҳандозӣ кардааст.

Дар ин дафтар ҳафт корманди байналмиллалӣ аз ҳафт кишвар ҳузур доранд ,ки аз тарафи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон маъмур шудаанд.

Онҳо дар ин маъмурият раванди интихоботро аз назари интибоқ бо таъаҳудоти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар таъаҳудот ва меъёрҳои байналмиллалӣ барои интихоботи демократӣ ва ҳамчунин муқарароти миллӣ арзёбӣ хоҳанд кард.

Ин теъдод маъмур бар асоси қонунҳои ҳуқуқии интихобот, иҷроии интихобот, таблиғот , ҳалӣ ихтилофҳои марбут ба интихобот, қонунҳои марбут ба таъмини молии таблиғот ва ҳамчунин фазои расонаӣ ва пушиши расонаии интихоботро назорат мекунанд.

Гузориши ниҳоии ин нозирон тақрибан ҳашт ҳафта пас аз поёни интихобот эълом мешавад.

Дафтари  ( EAM ) ё дафтари маъмурияти арзёбии интихобот ва дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷудогона ва тибқи қонунҳо ва дастуроти мақомоти худ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Назарҳо