Феврал 15, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвари Тоҷикистон: кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро бовар надорам

Вазири кишвари Тоҷикистон гуфт, ки ба ахбори расонаҳо дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов сарҳанги фирорӣ ва фармондеҳи пешини нерӯи вижаи ин вазорат эътимод надорад.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, генерал Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ борҳо хабарҳое дар бораи кушта шудани Ҳалимов мунташир шудааст, вале то замоне, ки ҷасади ӯро ба чашми хеш набинад, марги Ҳалимовро бовар нахоҳад кард.

Сарҳанг Ҳалимови 45 сола фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати кишвари Тоҷикистон, охирҳои апрели соли 2015 нопадид шуд ва охирҳои моҳи майи ҳамонсол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гуруҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гуруҳи террористӣ ва поймолсозии савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Манобеи хабарии мухталиф борҳо хабари кушта шудани вайро мунташир кардаанд, ки ҳеҷгоҳ таид нашудааст.

Тобистони соли 2017 Корт Райс муовини амниятии вазири умури хориҷаи вақти Амрико аз таъини ҷойизаи се миллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов сарҳанги фирории тоҷикӣ хабар дода буд.

Ба гуфтаи Райс Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гуруҳи террористии ДИИШ табдил шуда буд.

Моҳи июни соли 2017 дар даргирӣ миёни нерӯҳои полиси вижаи Тоҷикистон ва бародарони Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кулоб чаҳор нафар аз бародарон ва бародарзодаҳои вай кушта ва се нафар аз қавмҳои ӯ боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон муддаӣ буданд ин ашхос ба дастури Ҳалимов қасд доштанд ба Афғонистон бираванд.

 

Барчасп

Назарҳо