Феврал 16, 2020 21:53 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии пӯиши байналмилалии Созмони афви байналмилал дар ҳимоят аз Далер Шарифов

Созмони афви байналмилал пӯиши байналмилалӣ дар ҳимоят аз Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонӣ роҳандозӣ кардааст.

Ба гузориши Авеста, Созмони байналмилалии ҳуқуқи башар ва Созмони афви байналмилал, барои ҳимоят аз Далер Шарифов рӯзноманигор, ки мақомоти Тоҷикистон ба иттиҳоми барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва ифротигарии мазҳабӣ ӯро дастгир карданд, пӯишеро оғоз кардааст.

Фаъолони ҳуқуқи башар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост мекунанд, ки аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, ки дастрасии Шарифов ба вакилро фароҳам карда ва таъқиби кайфарии рӯзноманигорро мутаваққиф кунанд.

Ҳамчунин дар баёнияи муштараки Созмони афви баӣйналмилал, Мушорикати байналмилалии ҳуқуқи башар (IPHR) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (NHC), ки дар веб-сайти расмии онҳо мунташир шудааст омадааст, ки Далер Шарифов ба далели фаъолияти рӯзноманигории худ боздошт шуд, зеро ағлаби мавзӯъҳои навиштаҳои ӯ ҳуқуқи башар ва дин буд ва аз сиёсатҳои давлат дар ин замина интиқод мекард.

 

Барчасп

Назарҳо