Феврал 17, 2020 15:27 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Душанбе

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқи Тоҷикистон, ки наздик ба ду даҳсола таҳти пайгарди қазоии байналмиллалӣ буд аз Дубай ба Душанбе истирдод шудааст.

Ба нақл аз Ахбори Осиёи Марказӣ, манобеъе дар Душанбе истирдоди вайро аз Дубай ба пойтахти Тоҷикистон таъид кардаанд.

Мақомоти полиси Дубай ба дархости Интерпол ва бар асоси шикояти Додситонии кулли Тоҷикистон 30 июни соли 2019 Хуҷа Каримовро боздошт, аммо ба шарти мушаххас шудани парвандааш ва хориҷ нашудан аз маҳалли иқоматаш ӯро озод карданд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар соли 2000 ба иттиҳоми ҷиноятҳои сангине аз ҷумла қатлу куштор, ғоратгарӣ, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон (1992-1997) алайҳи Каримов парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд, вале вай билофосила ба Малайзия гурехт ва ҳудуди ду даҳсола ба сурати пинҳонӣ дар кишварҳои мухталиф ба сар бурд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки истирдоди Каримов ба Душанбе, ки то соли 2000 муовини аввали фармондеҳи гуруҳи вижаи  Вазорати дифои Тоҷикистон ва раиси Федератсияи футболи ин кишвар буд, ҳикоят аз ҷиддияти мақомоти тоҷик дар бархурд бо ҷинояткорон аз ҷумла иддае аз фармондеҳони бонуфузи даҳаи 1990 дорад.

Назарҳо