Феврал 18, 2020 10:59 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии сокинони шаҳраки Сомониёни Тоҷикистон аз вогузории ин минтақа ба Қирғизистон

Сокинони шаҳраки Сомониёни Тоҷикистон аз вогузории ин минтақа ба Қирғизистон дар қолиби барномаи ивазкунии заминҳо барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ибрози нигаронӣ карданд.

Ба нақл аз Азия-Плюз, сокинони шаҳраки Сомониёни ноҳияи Исфара гуфтанд, ки дар сурати вогузории бахше аз ин минтақа ба Қирғизистон тарафи қирғизӣ маҷрои рӯдхонаи Исфараро хоҳад баст, ки ин иқдом боис мешавад 41 ҳазор сокини минтақаи Чоркӯҳ аз оби нӯшокӣ маҳрум шаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳраки Сомониён 250 хонаводаи тоҷик ва 85 хонаводаи қирғиз зиндагӣ мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон барои мушаххас кардани хатҳои марзӣ бо вогузории бахши қирғизнишини ин шаҳрак ба Қирғизистон мувофиқат карданд.

Аммо сарчашмаи оби рӯдхонаи Исфара дар бахши қирғизнишин воқеъ шуда ва ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки пас аз вогузорӣ, Қирғизистон сарчашмаи рӯдхонаро набандад.

Бар асоси тавофуқи аввалияи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назар аст барои поён додан ба муноқишаҳои марзӣ ва аз инзиво хориҷ кардани деҳаҳои ду ҷумҳурӣ, ки дар хоки кишвари дигар воқеъ шуда заминҳо ва минтақаҳое байни ду кишвари ҳамсоя муовиза шавад.

Тасмими ниҳоӣ дар инбора дар музокироти оянда бо ҳузури намояндагони ду кишвар дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон гирифта хоҳад шуд.

Назарҳо