Феврал 18, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • СБП: Зиёнҳои молии Тоҷикистон бо иҷрои тарҳҳои бузург иқтисодӣ

Коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул эълом карданд, иҷрои тарҳҳои зерсохтӣ зиёнҳои молии бисёреро барои Тоҷикистон ба ҳамроҳ дорад.

Ба гузориши “Авесто”, дар баёнияи Сандуқи Байналмилалии Пул эълом шуда, ки иҷрои ислоҳоти сохторӣ, бавижа ба манзури беҳбуди мудирияти бонкҳо ё бунгоҳҳои давлатӣ мумкин аст, мунҷар ба тааҳҳудоти молии изофӣ шавад. Сандуқи Пул ҳамчунин гуфт, раванди ороми рушд дар судури ҳаволаҳо, додани қарз ва сармоягузории мустақими хориҷӣ фишори бештаре бар рушди иқтисодии ин кишвар ворид мекунад.

Коршиносони ин сандуқ мегӯянд, афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон хатарнок аст ва ин нишонгари осебпазирии молӣ дар баробари манофеи ин ҷумҳурӣ аст.

Мутахассисони сандуқ хостори ҳимоят аз суботи иқтисоди калон ва ҳимоят аз рушди пойдор ҳастанд.

Мутахассисони Сандуқи Байналмилалии Пул аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки бахшҳои идғоми молӣ, инъитофпазирии бештари нархи арз, тақвияти бахши молӣ ва беҳбуди муҳити касбу кор ва сохтори ҳукуматиро ҳарчи сареътар ислоҳ кунанд. Онҳо мегӯянд, ҳудуди 79 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз даромади пешбинишудаи давлати Тоҷикистон дар соли гузашта амалӣ нашудааст.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки соли гузашта тарҳи ҷамъоварии молиёт ва соири пардохтҳои иҷборӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 4 дарсад амалӣ нашудааст.

 

Назарҳо