Феврал 18, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
  • Панҷсад шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Сурия

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз ҳабси 500 шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Сурия хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, 500 тоҷик дар урдӯгоҳҳои Сурия зиндонӣ ҳастанд ва бо ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ мавзӯи бозгардондани онон ба Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ҳамзамон 212 зану кӯдаки тоҷик низ барои бозгашт аз Сурия ба Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардаанд, ки талош мекунем, ба ин афрод ҳам кумак кунем. Вай таъкид кардааст, ки ин занону кӯдакон бозмондагони хонаводаҳои тоҷикони узви гурӯҳи ДИИШ ҳастанд, ки бояд ҳарчи сареътар ба Тоҷикистон бозгардонда шаванд.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, мушкили шиносоӣ ва бозгардодани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба авзои ин кишвари арабӣ марбут аст, зеро Тоҷикистон бояд ҳам бо давлати расмии Сурия дар ин замина музокира кунад ва ҳам бо гурӯҳҳои вобаста ба Нерӯҳои демократии курди сурӣ, ки бештари урдӯгоҳҳои нигаҳдорӣ аз ҷангҷӯёни собиқи ДИИШ дар қаламрави таҳти контроли онҳост. Ба гуфтаи Муҳриддин, Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири ин кишвар дар Кувейт ва Ироқ масъулияти музокира бо давлати Сурия ва Нерӯҳои демократии курдро бар уҳда дорад ва ройзаниҳо барои ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Сурия низ оғоз шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо