Феврал 19, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Хонавода раиси Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон ба фирори молиётӣ муттаҳам шуд

Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ду ширкати мутааллиқ ба хонаводаи раиси Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистонро ба фирори молиётӣ муттаҳам кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Яъқуб Саидзода гуфтааст, ду ширкати мутааллиқ ба хонаводаи Муродалӣ Алимардон, раиси Бонки бӯҳронзадаи сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон, маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ (муодили 150 ҳазор доллар) ба ҳукумати ин кишвар пардохт накардааст.

Вай таъкид кардааст, ки ду ширкати мутааллиқ ба хонаводаи Алимардон, ки ба кошти маҳсулоти кишоварзӣ ва парвариши дом машғул мебошад, аз пардохти молиёт фирор кардааст, ки ин амр мӯҷиби иҷро нашудани барномаи пардохти молиёти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба ҳукумати  Тоҷикистон шудааст.

Ҳамчунин Фахриддин Ғафуров, мудири ширкати оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид кардааст, ду ширкати мутааллиқ ба хонаводаи Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон бобати оби масрафӣ ба ин созмон, 25 ҳазор доллар бадеҳкор мебошад.

 

Назарҳо