Феврал 19, 2020 15:32 Asia/Dushanbe
  • Оғози пахши таблиғоти телевизионии номзадҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз фардо

Дар ҳоле, ки 10 рӯзи дигар то интихоботи парлумонии Тоҷикистон боқӣ монда, омодагии ҳизбҳо ва мақомот ба ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ, раванди фишурдатаре ба худ гирифтааст.

Ба нақл аз манобеи хабарии Тоҷикистон, Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот гуфтааст, аз фардо 20 феврал, пахши телевизионии таблиғоти аҳзоб ва номзадҳо оғоз мешавад ва ҳар як аз ҳизбҳо 40 дақиқа ва ҳар номзад 20 дақиқа вақти таблиғоти телевизионӣ хоҳад дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе расонаҳои ғарбии фаъол дар Тоҷикистон, дар хабарҳо ва гузоришҳои худ, фазои интихоботро дар ин кишвар сард тавсиф кардаанд.

Бо ин вуҷуд, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби мунтақиди сотсиал-демократ ва Абдураҳмон Хонов, намояндаи Ҳизби ҳокими халқи демократ гуфтаанд, ки барномаҳои интихоботиро бо ҷиддият дунбол мекунанд ва то ба ҳол дидорҳои фаровоне бо мардум доштаанд.

 

Барчасп

Назарҳо