Феврал 19, 2020 16:26 Asia/Dushanbe
  • Муҳриддин: Қирғизистон бархе тавофуқҳоро иҷро намекунад

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон бархе тавофуқҳои қаблӣ бо Тоҷикистонро иҷро намекунад.

Ба гузориши “Авесто”, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе афзуд, гурӯҳҳои хосе дар Қирғизистон авзоъро ташдид мекунанд ва ин мавзуъ бар иҷрои тавофуқномаҳои ба дастомада дар 16 соли гузашта таъсири манфӣ мегузорад.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, тарафи Қирғизистон протоколҳои мувофиқатшудаи қаблиро дар чорчӯби комиссияи таъйини маҳдудиятҳо ва мушаххас шудани марзҳои давлати Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо намекунад.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, танҳо бо иҷрои саҳеҳи тавофуқоти ҳосилшуда метавон натоиҷи матлубе ба даст овард.

Вай ҳамчунин изҳороти Абдуллоҳ Навҷувонов, раиси шуъбаи Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Суғд дар бораи минтақаи Боткандро назари шахсии ӯ донист ва таъкид кард, ин изҳорот бозгӯкунандаи мавзеи расмии Ҳукумати Тоҷикистон нест.

Навҷавонов чанд рӯзи пеш гуфта буд, Ботканд дар асл мутааллиқ ба тоҷикҳост, ки баъдҳо қирқизҳо дар он ҷо сокин шудаанд.

Ин изҳори назар бо вокунишҳои манфӣ дар ҷомеаи Қирғизистон рӯ ба рӯ шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо