Феврал 20, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон бо ҳазинаи Русия

Раиси ҷумҳурии Русия тафоҳумномаи сохти 5 мадраса дар Тоҷикистонро бо меъёрҳои омӯзишии кишвари Русия имзо кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , ин тафоҳумнома  пештар дар Маҷлиси думаи Русия ва парлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд,ки акнун бо имзои Владимир Путин иҷроӣ мешавад.

Бар асоси ин тафоҳумнома давлати Русия ҳазинаи молии сохти 5 мактаб дар Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе , Хуҷанд, Бохтар , Кулоб ва Турсунзода сохта мешаванд ва тадриси улум ва риштаҳои мухталиф дар ин мактабҳо ба забони русӣ аст, ҳамчунин тадрис дар ин мактабҳо ,ки ҳаркадом зарфияти 200 ҳазор донишомӯзро дорад бар асоси низоми омӯзии Русия хоҳад буд.

Пеш аз ин Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба афзоиши тамоюлоти тоҷикҳо барои омӯзиш дар мактабҳо ва Донишгоҳҳои ин кишвар гуфта буд,ки Маскав дар ояндаи наздик 5 мактаб ,ки донишомӯзон дар он мутобиқ бо низоми омӯзишии Русия таҳсил хоҳанд кардро бо ҳазинаи ин кишвар дар Тоҷикистон месозад.

Назарҳо