Феврал 21, 2020 21:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон иртибот бо мухолифони давлатро рад кард

Муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳимояти созмонҳои мухолифи давлат дар хориҷ, аз номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ҳеҷ иртиботе ба сотсиал - демократҳо надорад.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ, Шокирҷон Ҳакимов бо ишора ба эъломи ҳимояти Паймони миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24, ду созмони мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ аз номздҳои ин ҳизб дар интихоботи парлумонии аввали моҳи март гуфтааст, ки ин иқдом кори ин гурӯҳҳост ва Ҳизби сотсиал -демократ иртиботе бо онон надорад.

Вай таъкид кардааст, ки дар мавриди мушорикати Ҳизби сотсиал - демократ дар интихоботи парлумонии аввали моҳи март ҳеҷ навъ созиш ё тавофуқе бо ин ду гурӯҳ аз мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон дар хориҷ вуҷуд надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Паймони миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24, аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷ бо интишори баёнияҳои ҷудогона аз ҳаводоронашон дар дохили ин кишвар хостаанд, ки дар интихоботи парлумонӣ ба номзадҳои Ҳизби сотсиал - демократ раъй диҳанд.

Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон бо 5 номзад вориди рақобатҳои интихоботи парлумонии ин кишвар шудааст. Ин ҳизб бо вуҷуди мушорикат дар 3 давр аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ муваффақ ба фиристодани намоянда ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон муддаиянд, ки Ҳизби сотсиал - демократ ба далели кам будани теъдоди аъзояш натавонистааст раъйи кофӣ барои вуруд ба парлумонро касб кунад, аммо масъулони ин ҳизб бо радди ин иддао мегӯянд, ки орои ҳизби онҳо ба сирқат меравад ва онон ба баргузории интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон эътиқод надоранд.

 

Барчасп

Назарҳо