Феврал 22, 2020 10:43 Asia/Dushanbe
  • Расми гузашти  нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳузур дар маросими расми гузашти нерӯҳои мусалаҳ бистуҳафтумин солгарди таъсиси артиши ин ҷумҳуриро табрик гуфт.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Имомалӣ Раҳмон,ки илова бар раёсати ҷумҳури, фармондеҳи нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистонро ҳам бар уҳда дорад дар ин маросим гуфт ; нерӯҳои мусалаҳ намоди истиқлол, дифоъ аз тамомияти арзӣ , мейҳанпарастӣ ва фидокорӣ ҳастанд.

Вай гуфт ; 27 сол пеш дар даврони истиқлоли Тоҷикистон, тасмим гирифта шуд артиши миллии ин кишвар ташкил шавад,ки акнун нерӯҳои мусалаҳ яке аз аркони муҳими Тоҷикистон аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба ноамнии бархе минтақаҳои ҷаҳон ва иқдомҳои гурӯҳҳои терорристӣ ва ифротие,ки сабаби кушта , захмӣ ва овора шудани ҳазорон бегуноҳ мешавад афзуд ; иртиқои тавони размӣ ва дифоии нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистон барои муқобила бо ин таҳдидҳо як зарурат аст.

Назарҳо