Феврал 22, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Раҳмон аз нақши қувваҳои  мусаллаҳи Тоҷикистон дар суботу сулҳи ин кишвар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, номи неку корномаҳои ватандӯстонаи қувваҳои мусаллаҳи кишварашонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз  дар Кохи Борбад  дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд,  қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, қувваҳои  мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем.

Барчасп

Назарҳо