Феврал 25, 2020 22:31 Asia/Dushanbe
  • Парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон зери бори гаронтарин қимати сӯхт дар ҷаҳон

Гаронтарин қимати сӯхти ҳавопаймо дар ҷаҳон марбут ба Тоҷикистон аст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, қимати як тонна бензини ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе ҳазору 460 доллар аст, ки гаронтарин қимати сӯхти ҳавопаймо дар ҷаҳон ба ҳисоб меояд.

Масъулони Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон эълом карданд, 45 дарсади қимати билети ҳавопаймо бо таваҷҷуҳ ба қимати сӯхт таъйин мешавад, ки ин мавзӯъ дар канори гаронии сӯхти ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон сабаб шудааст, тоҷикон барои сафарҳои хориҷӣ аз хадамоти фурудгоҳҳои Узбакистон ва Қирғизистон истифода кунанд. Икром Субҳонзода, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ҳам қаблан ин мавзӯъро таъйид карда буд.

Дар фосилаи 300-километрии шаҳри Хуҷанд 10 фурудгоҳи Узбакистон ва Қирғизистон воқеъ шуда ва бештари мусофирони тоҷик аз ин фурудгоҳҳо парвоз мекунанд. Ҳамакнун қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя ду баробар гаронтар аст. Аз сӯи дигар дар соли 2019 қимати хадамот дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон низ 11 дарсад афзоиш ёфт. Ҳамчунин Томас Ҳаллам, мудири ширкати хусусии ҳавопаймоии "Сомон эйр”-и Тоҷикистон гуфтааст, ки ба далели гаронии қимати сӯхти ҳавопаймо халабонон барои идомаи парвоз дар шаҳрҳои Туркманистону Қазоқистон сӯхтгирӣ мекунанд, ки замони интиқоли мусофирон ба мақсадро тӯлонитар мекунад.

 

Барчасп

Назарҳо