Феврал 27, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
  • 
Ташдидтар шудани кантроли марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба далели шуюи бемории Карона

Мақомҳои Тоҷикистон кантроли марзи ин кишвар бо Афғонистон ба далели шуюи бемории Карона ташдидтар мекунад.

Мирҳамуддин Камолзода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон гуфт ; Тоҷикистон маҳалҳои бозрасӣ  дар марзи ин кишвар бо Афғонистон афзоиш додааст.

Мирҳамуддин Камолзода гуфт ; ба далели шуюи ин беморӣ дар Афғонистон тасмим гирифта шуд ,ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз гузашта кантрол шавад.

Вай афзуд ; агар ин бемори шуюи бештаре дар Афғонистон дошта бошад бе тардид ин марз ба таври комил баста хоҳад шуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон афзуд ; кормандони ин Вазоратхона дар марз мустақар шуданд ва вазияти тарадуди афродро кантрол мекунанд.

Ӯ гуфт ; бо мақомоти беҳдоштии Афғонистон ҳамоҳангии лозим шуда то аз вуруди афроди мубтало ба бемории Карона ба дохили Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои марзӣ ва фурӯдгоҳҳо пегирӣ шавад.

Вай афзуд ; то имрӯз , аз ҳудуди 11148 шаҳрванд,ки аз аввали феврал дар Тоҷикистон дар карантин буданд,882 нафар ҷавоб дода шуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон итминон дод, ки ҳеҷ мавриди мубтало ба беморӣ дар кишвар сабт нашудааст.

 

Назарҳо