Феврал 27, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Баррасии робитаҳои Тоҷикистон ва Фаластин дар Душанбе

Тавсиъаи ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин дар шаҳри Душанбе мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз  сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта бо сафири давлати Фаластин дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар таи ин гуфтугу, тарафҳо дар мавриди заминаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин дар заминаҳои мухталиф баҳс ва гуфтугу карданд.

Робитаҳои дипламатӣ байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Фаластин дар 6 марти 1992 барқарор шуд.

Аз таърихи 5 моҳи марти 2014 , Муҳаммад Таршоҳонӣ сафири кишвари Фаластин дар ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Тошканд машғул ба кор будааст.

То ба ҳол ду давраи мушовираи сиёсӣ байни Вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Фаластин ( марти 2017 ва апрели 2018 ) баргузор шудааст.

Робитаҳои сисёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин аз  дар замони Шуравӣ вуҷуд доштааст.

Тоҷикистон ҳамвора ҳомии Созмони озодибахши Фаластин будааст.

Назарҳо