Феврал 27, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумнома байни ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва як ширкати байналмилалӣ

Ширкати байналмилалии дороӣ(IFC) ва Муассисаи сармоягузории кӯчак дар Тоҷикистон (Humo) тафоҳумномаи ду миллион сомонӣ имзо карданд.

Ба гузориши Азия Плюс, ин тафоҳумномаро Мавсуда Вайсова, мудири кулли ширкати “Ҳумо”  ва Ҷорҷина Бейкер, муовини раиси ширкати байналмилалии дороӣ (IFC) имзо карданд. Маъмурияти "Humo" дастрасӣ ба қисми бузурге аз хадамоти бонкӣ бо кайфияти боло, роҳи ҳалҳои навоваронаи молӣ барои мардум ва намояндагони машоғил ба манзури иртиқои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Будҷаи дарёфтӣ аз IFC барои ҳимоят аз шароити зиндагии мардум, машоғили кӯчак ва мутавассит дар манотиқи рустоӣ ҳазина хоҳад шуд.

Ҷорҷина Бейкер гуфт, ин тафоҳумнома барои ҳимояти молӣ аз машоғил ва коргоҳҳои кӯчак ва ҳимоияти рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст ва таъмини буҷа аз тариқи мубодилаи арзӣ бо унвони ибтикори молӣ таъмин таъмин мешавад.

Барои IFC, ҳимоят аз ҷамъияти рустоӣ, бавижа соҳибони хона ва корофаринони мутавассит ва кӯчак бисёр муҳим аст.

Ба гуфтаи Бейкер, дар ҷаҳон, саҳми бахши хусусӣ 15% аз иқтисод аст, вале дар Тоҷикистон ин шохис бисёр поинтар аз мизони ҷаҳонӣ аст, бинобар ин, ироаи кӯмак ба иқтисоди сабз аз тариқи хонаворҳои маҳаллӣ бояд афзоиш ёбад.

Ӯ гуфт, ниёзи фаврӣ дар Тоҷикистон ба беҳбуди шароити хона вуҷуд дорад, зеро Осиёи Марказӣ камтарин саронаи фазои зиндагиро дар байни кишварҳо дорад.

Вай афзуд, фақат ҳудуди як сеюми хонаҳо аз хишт сохта шудаанд ва ба далели вазъияти номуносиби хонаҳо, мардум дар маърази ҳаводис ва балоҳои табиӣ қарор доранд.

Ӯ гуфт, ин таъмини эътибори баландмуддат ба "Humo"имкон медиҳад, теъдоди вомҳо ва замонатҳои содир шуда барои хонаводаҳои камдаромади сокин дар манотиқи рустоии Тоҷикистонро ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш диҳад ва аз онҳо дар сохти хонаҳои ҷадид ва таъмири хона ҳимоят кунад.

Мавсуда Вайсова ҳам гуфт, ин буҷа метавонад ба касоне, ки моил ба шурӯъ, тавсеа ва густариши тиҷорати худ ҳастанд, кумак кунад.

Ӯ афзуд, мо интизор дорем, ки ҳамкорӣ бо IFC ба тағйири авзоъ кумак кунад ва ширкатҳои кӯчаки Тоҷикистон қодир ба дарёфти манобеи молии лозим барои густариши фаъолиятҳои худ бишаванд.

Вай афзуд, илова бар таъмини буҷа, мо қасд дорем аз таҷрибаи байналмилалии IFC дар ҳимоят аз машоғили кӯчак барои беҳбуди хадамот истифода кунем.

Ширкати байналмилалии умури молӣ, узви гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, бузургтарин ниҳоди ҷаҳонӣ аст, ки аз бахшҳои хусусии тозатаъсис ҳимоят мекунад.

IFC бо ҳудуди 2 ҳазор бунгоҳи хусусӣ дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.

"Humo", як муассисаи сармоягузории кӯчак дар Тоҷикистон аст, ки ҳадаф аз он, ҳимоят аз ҷамъияти осебпазир ва камтавони сокин дар манотиқи рустоӣ аз тариқи хадамоти молӣ ва мушовираӣ барои машоғили кӯчак аст.

 

Назарҳо