Феврал 28, 2020 21:42 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии ронандагони ноқизи қоидаҳои ронандагӣ дар шаҳри Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “гирдиҳамои”-и мошинҳои дорои шумора бо аъдоди хосро барои нақзи қоидаҳои роҳнамоӣ ва ронандагӣ баргузор кард.

Ба гузориши “Авесто”, Маркази матбуотии дафтари Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, теъдоде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии Фуйсбук бо дархости иқдомоти қонунӣ алайҳи бархе аз ронандагон, ки ноқизи қавонини роҳнамоӣ ва ронандагӣ ҳастанд, аз Вазорати умури дохилаи шаҳри Душанбе дархости бархурди шадид бо инҳоро доштанд.

Инҳо аксҳои шумораи ин мошинҳоро дар шабакаи иҷтимоӣ мунташир карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба аксҳои ирсолӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушаххас шуд, ки қонунҳои ронандагӣ бештар тавассути ронандагони мошинҳои гаронқимати хориҷӣ бо шумораҳои хос нақз мешавад.

Бар асоси аксҳои ирсолӣ аз шаҳрвандон, барои 24 ронанда эҳзория содир ва ҷаримаи идорӣ шуданд, ки бештари онҳо ҳангоми ронандагии мошинҳои гаронқимат бо шумораҳои вижа қонуну қидаҳои роҳнамоӣ ва ронандагиро нақз мекунанд.

 

Назарҳо