Феврал 29, 2020 10:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии иқдомҳои иҷрошуда барои пешгири  аз шуюи коронавирус, мавзуи аслии ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон

Яке аз мавзуоти аслӣ дар Ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон баррасии иқдомҳои иҷрошуда дар кишвар барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус буд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ин нишаст,ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар баргузор шуд вазири тандурустии Тоҷикистон аз иқдомҳои ин вазоратхона барои пешгири аз шуюи коронавирус дар ин кишвар гузориш дод.

Насим Олимзода гуфт ; то кунун ҳеҷ мавриде аз мубтало бакоронавирус дар кишвар сабт нашудааст ва иқдомҳое барои пешгири аз нуфуз ва шуюи вирус дар Тоҷикистон иҷро шудааст.

Вай таъкид кард, дар миёни атбоъи кишварҳои хориҷие,ки вориди Тоҷикистон мешаванд ҳам мавриде аз мубтало ба коронавирус мушоҳида нашуд.

Ӯ гуфт ; барои пешгири аз ин бемори атбоъи кишварҳое,ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд дар ҳангоми вурӯд 14 рӯз карантина мешаванд ва дар сурати мубтало набудан мурахас хоҳанд шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар поёни ин нишаст ба вазири тандурустии ин кишвар дастур дод, ки барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус тадбирҳои лозимро биандешад ва бо шидати назорат бар вуруди атбоъи кишварҳои дигар ба Тоҷикистон аз сирояти ин вирус дар кишвар пешгирӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод Вазорати тандурустӣ иқдомҳоеро барои поксозии муҳити кор ва марказҳои омӯзишӣ иҷро кунад.

Назарҳо