Феврал 29, 2020 12:05 Asia/Dushanbe
  • Сохти мактаби вижа барои беморони диабетӣ дар тоҷикистон

Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия мактаберо барои беморони диабетӣ дар Тоҷикистон сохт.

Ба нақл аз Тоҷикта, Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия, (TIKA ) як мактаби пешрафта барои беморони мубтало ба диабетӣ дар Тоҷикистон сохт. Ин мактаб бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳимояти иҷтимоии Тоҷикистон ва Созмони ғайридавлатӣ таъсис шудааст.

Ин маросим бо ҳузури Насим Олимзода вазири тандурустии Тоҷикистон, сафири Туркия дар Тоҷикистон  Алирийфот Куксол, раиси идораи  TIKA дар Осиёи миёна ва Қафқоз ҳузур доштанд.

Алиузгун Узтурк, масули дафтари намояндагии TIKA  дар ин маросим гуфт ; коркунони ин мадраса,ки ба манзури иртиқои кайфияти зиндагии беморони мубтало ба диабет сохта шуда, қасд доранд бо истифода аз равишҳои навин, коршиносони маркази ғудуди дарунрези Тоҷикистон омӯзишҳои лозимро ба донишомӯзон ироа кунанд. Ӯ гуфт ; ин мактаб аз чор бахши дарс, ошпазхона,бахши пизишкӣ ва бахши варзишӣ ташкил шуд ааст. Вазири тандурустии Тоҷикистон ҳам дар ин маросим бо ташакур аз ҳимояти  TIKA барои сохти чунин мактабе,ки боиси беҳбуди кайфияти зиндагии беморони мубтало ба диабет дар Тоҷикистон мешавад, ибрози тамоюл кард,ки ҳамкориҳои муасири худро идома диҳад.

Назарҳо