Феврал 29, 2020 14:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Созмони хорбори ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо аз хадамоти домпизишкӣ дар Тоҷикистон

Созмони хорбори ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо аз хадамоти домпизишкии Тоҷикистон ҳимоят мекунанд.

Барои баррасии ниҳоии роҳбурди тавсиаи хадамоти домпизишкӣ дар Тоҷикистон, коргоҳи як рӯза дар Душанбе баргузор шуд.

Ба нақл аз Аки прресс, ин коргоҳ, мубтани бар баррасии таҳлил ва ташхиси дақиқ, тавассути анҷумани домпизишкон ва Кумитаи амнияти ғазоии Тоҷикистон ва бо ҳимояти Созмони ғазо ва кишоварзии Созмони Милалл ва Иттиҳодияи Аврупо оғоз шудааст.

Ин кишвар барои итминон аз хадамоти домпизишкии коромадтар ва таъмини амнияти ғазоӣ, зимни бархурд бо бисёре аз мушкилиҳои муҳим аз ҷумла тағийроти обу ҳавоӣ ,бурузи бемориҳои нав ва бемориҳои марзӣ , ба ин роҳбурд ниёз дорад.

Ин роҳбурд нақшароҳ барои тавсиъаи ин бахшро нишон медиҳад ва аз амалӣ шудани он ҳимоят мекунад.

Илова бар ин, як рӯйкарди мушорикатӣ бо гуфтугуҳои мухталиф бо Вазоратхонаҳо, донишгоҳҳо ва Созмонҳои ҳирфаӣ, дар мудати тадвини роҳбурди нав гирфта шудааст.

Аз тариқи ин коргоҳ ширкаткунандагон бо ин санад ошно шуданд ва дарсҳои омӯхташуда ,нигарониҳо ва мушкилиҳои бахши домпизишкӣ, ҳавзаҳо ва мавзуоти муртабит бо кишварро баррасӣ карданд.

Алег Гучгелдиев намояндаи FAO  дар Тоҷикистон гуфт; иҷроии мувафақиятомези ин стратегия ба навбаи худ бисёр вобаста ба эҳсоси моликияти ҳамаи касоне аст,ки дар тавсиъаи он нақш доштаанд ва дар айни ҳол, мусталзами посухгуӣ ва эҷоди созукори таҷдиди назари муасир ва мудовим барои беҳбуди вазияти феълӣ аст.

Фаолиятҳои марбут ба тадвини стратегияи хадамоти домпизишкӣ бахше аз тарҳи тақвияти  муасисот ва зарфияти Вазорати кишоварзӣ ва хадамоти бозррасии домпизишкии кишвар барои тадвини сиёсат аст,ки тавассути Иттиҳодияи Аврупо таъмин мешавад.

Аз соли 2016 Иттиҳодияи Аврупо ва FAO дар талош ҳастанд то аз ислоҳоти сиёсати кишоварзӣ дар кишвар бо тадвини роҳбурдҳои марбута,тароҳии чорчубҳои ниҳодӣ ва тақвияти дониши фанӣ ва маҳоратҳои муасисоти давлатӣ ва ғайри давлатӣ ҳимоят кунанд.

Назарҳо