Феврал 29, 2020 15:06 Asia/Dushanbe
  • Содироти асали Тоҷикистон ба Амрико ва Аврупо

Тоҷикистон қасди содироти асал ба Амрико ва Аврупоро дорад.

Ба  нақл аз Спутник, асали бокайфияти боло ва адвияҳои мухталиф дар як корхонаи пешрафта дар шаҳри Хуҷанд тавлид мешавад. Ба гузориши сервиси матбуотии Вазорат ва санъат ва фановариҳои нави Тоҷикистон, ширкати канадоии Ҳантана  "Hantana Canada қасд дорад асали Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳида, Канада, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи арабӣ ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо содир кунад. Тибқи гуфтаи масулони ин Вазоратхона, ин ширкати канадоӣ дар назар дорад бо истифода аз фановарии мудерн, асали марғуб тавлид кунад.

Ширкати мудерн дар Хуҷанд дар назар дорад моҳона ҳудуди 20 тон асал содир кунад.

Дар ин корхона, асал аз нохолисиҳо пок мешавад ва сипас маҳсули ниҳоии созукор бо муҳити зист дар кузаҳои шишаӣ бо ҳаҷми 80 то 700  литр бастабандӣ мешавад. Ҳамчунин ин ширкат қасд дорад асалро бо адвияҳои мухталиф ҳам тавлид кунад.

Дар Тоҷикистон тавлиди асал ҳудуди 6 дар сад афзоиш ёфтааст.

Мақомҳои Вазорати зироати Тоҷикистон ҳам эълом карданд,ки фаровонии гиёҳони дорои шаҳд сабаб шуда то ин кишвар битавонад ҳар сол ҳудуди 12 тон асал тавлид кунанд.

Назарҳо