Март 01, 2020 12:34 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон раъйи худро ба сандуқ андохт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо ҳузур дар ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овози худро ба сандуқ андохт.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузур дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овози худро ба ҷонбдорӣ аз номзадҳои мавриди эътимодаш дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба сандуқ андохт.

Гуфта мешавад, ки  дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамагӣ 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ аст, ки 41 нафар (65 дарсад) аз тариқи ҳавзаҳои такнамояндагӣ ва 22 нафар (35 дарсад) низ аз тариқи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии имрӯзи Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ аз ҷумла Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби кишоварзӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалист, Ҳизби сотсиал демократ, Ҳизби халқи демократ ва Ҳизби комунист ширкат мекунанд.

Коршиносон бо ишора ба таҷрибаи баргузории 4 давраи интихоботии парлумонӣ дар Тоҷикистон пас аз соли 2000 ва вуҷуди низоми чандҳизбӣ, пирӯзии қотеи Ҳизби халқи демократ ба раёсати Эмомалӣ Раҳмонро як воқеияти қобили пешбинӣ медонанд.

Барчасп

Назарҳо