Март 25, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди оштӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифон

Як тоҷикистонии фаол дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, ки соли нав дар Тоҷикистон замони сулҳ ва оштии миллӣ миёни Ҳукумати ин кишвар ва мухолифони хориҷнишин эълон шавад.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осёи Марказӣ, Мирзоназар Эмомоназаров, ки дар вилояти Кемерови Руссия зиндагӣ мекунад, бар зарурати поён додан ба ихтилофҳои ду ҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони сиёсии ин кишвар таъкид кардааст.

Вай афзӯд: ба ин манзур ҳукумати Тоҷикистон бояд таблиғот алайҳи мухолифон дар шабакаҳои телевезиониро мутавақиф кунад ва Паймони миллии мухолифон низ дар баробари ин иқдоми Ҳукумат ба фаолиятҳои таблиғотии худ алайҳи давлати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ поён диҳад.

Имомназаров ҳамчунин пешниҳод кард Ҳукумат мухолифони зиндонир озод кунад.

Вай таъкид кард: акнун замони талоши бештар барои рӯшд ва пешрафти Тоҷикистон фаро расида ва ҳаракат дар ин масир беоромиш ва амнияти комил барои ҷазби сармояи хориҷӣ ва такмили тарҳҳои бузурге назири нерӯгоҳи Роғун имконпазир нахоҳад шуд. 

Барчасп

Назарҳо