Март 26, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 700 нафар аз осебдидагони сели ноҳияи Хуросон ба маконҳои амн

Ба дастури мақомоти вилояти Хатлон кормандони Кумитаи мавқеъиятҳои изтирории Тоҷикистон ва нерӯҳои довталаби мардуми беш аз 700 нафар аз сокинони ноҳияи Хуронсонро,ки аз сели ахир осебдидаанд, ба маконҳои амн мунтақил карданд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто,Умеда Юусуфӣ мудири дафтари матбуоти Кумитаи мавқеъиятҳои изтирории Тоҷикистон гуфтааст,ки ин афрод то замони лойрубии хонаҳояшон дар маконҳои амн ба сар хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи Юсуфӣ сели ахир илова бар осебзадан ба хонаҳои мардум дар ноҳияи Хуросон ба заминҳои кишоварзии онон низ хасороти зиёде ворид кардааст.

Вай афзуд ; лойрубии хонаҳо, боғҳо ва заминҳои хасоратдида дар ин сел идома дорад.

Мудири дафтари матбуоти Кумитаи мавқеъиятҳои изтирории Тоҷикистон ҳамчунин гуфт ; бо ҳадафи пешгири аз эҳтимоли густариши бемориҳои сироятӣ, сохтмонҳои мадрасаҳо, дармонгоҳҳо ва хонаҳои мардум дар минтақаи селзада зиди уфунӣ ва барои барқарории шабакаи обрасонӣ иқдом шудааст.

Мақомоти ноҳияи Хуросон мегуянд ,ки бар асари бориши борони шадид ва ҷори шудани сел дар ин минтақа як тан кушта ва ба беш аз 200 хона хасороте ворид шуда ва бароварди молии зиёни заминҳои кишоварзӣ низ дар ҳоли пайгири аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ хасороти молии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 2016 ро беш аз як миллиарду 800 миллион доллар эълом кардаанд.

Барчасп

Назарҳо