Март 26, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Раҳмон аз авзои сармоягузории хориҷӣ дар Суғд

Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз авзои сармоягузории хориҷӣ дар устони Суғд интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти натиҷагири аз сафараш ба устони Суғд ба дастовардҳои иқтисодии ин устон дар соли 2019 пардохт ва дар айни ҳол шароити баъзе бахшҳо аз ҷумла сармоягузории хориҷиро ризоятбахш надонист.

Ба гуфтаи вай дар натиҷаи иқдомҳои давлат барои беҳбуди авзоъи сармоягузорӣ дар соли 2019,устони Суғд ҳудуди 1. 8 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим дарёфт карда,ки агарчи ин омор дар муқоиса бо соли 2018 афзоиш ёфтааст, аммо барои дастёби ба ҳадафи санатӣ шудани сариъи Тоҷикистон ва бо таваҷуҳ ба тавонмандии минтақа ҳануз ризоятбахш нест.

Имомалӣ Раҳмон афзуд ; беш аз 70 дар сад аз сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соли 2019 ба танҳоӣ ба шаҳри Гулистон ихтисос дошта ва дар шаҳрҳои Исфара , Истиқлол, Истаравшан, кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷабор Расулов, Спитамен , Мастчоҳ  сармоягузории хориҷӣ ҷазб нашудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони дастгоҳҳои иҷроии минтақа ва шаҳрҳо ва шаҳристонҳои ин кишвар дастур дод,ки фаолиятҳои худро дар ҷазби сармоягузории мустақими хориҷӣ тақвият кунанд ва то ҳади имкон фурсатҳои сармоягузориро дар ихтиёри сармоягузорони хориҷӣ қарор диҳанд.

 

Назарҳо