Март 30, 2020 08:07 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ва суботи нархи маҳсулот дар Тоҷикистон

Иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст,ки коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон мӯҷиби ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо дар ин кишвар мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Баҳром Шарифов бо ишора ба кунд шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Русия ба далели ҷилавгирӣ аз густариши корона, ки мӯҷиби коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон мешавад гуфт, ки дар дарозмуддат ин омил аз афзоиши қимати колоҳои асосӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ хоҳад кард.

 Ӯ гуфт :Зеро акнун мардум бештар дар фикри таъмини молҳои зарурии зиндагии худ ҳастанд то эминии бадан ва саломатии худро дар баробари корона афзоиш диҳанд;бино бар ин хариди маҳсулоти саноатӣ ба шиддат коҳиш хоҳад ёфт.

Баҳром Шарифов афзуд:Албатта мардум шоҳиди афзоиши таваррум дар Тоҷикстон хоҳанд буд, зеро ин кишвар тавонои иқтисодии қавӣ надорад.

Баҳром Шарифов таъкид мекунад, ки мизон ва навъҳои маҳсулоти содиротии Тоҷикистон низ дар муқоиса бо воридот бисёр кам ва метавон гуфт, ки иқтисоди ин кишвар баста аст ва ин боис шуда, ки аз буҳронҳои хориҷӣ камтар осеб бубинад.

 

Назарҳо