Март 30, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории аввалин ҷаласаи Маҷлис

Раиси ҷумҳури Тоҷикистн имрӯз дастури баргузории аввалин ҷаласаи Маҷлиси Олии кишварро содир кард.

Ба нақл аз сомонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси фармони Имомалӣ Раҳмон аъзои мунтаҳаби Маҷлиси Олӣ 17 апрел аввалин ҷаласаи худро баргузор мекунанд.

Ҳамчунин  Имомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармони дигари заммони баргузории аввалин ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлиси Тоҷикистонро барои баъд аз зуҳури 17 апрел муқарар кард.

Коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон мегуянд дар ин рӯз фарор аст раиси маҷлиси миллӣ, ки нафари дуввуми сиёсии Тоҷикистон низ маҳсуб мешавад, интихоб шавад.

Коршиносон эълон мекунанд ба эҳтимоли зиёд ин фард Рустами Имомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори кунунии Душанбе аст.

Маҷлиси миллии Тоҷикистн 33 узв дорад, ки 25 нафар аз онҳо бо райгирӣ да шаҳрҳо ва устонҳо интихоб мешаванд ва 8 нафари дигарро раиси ҷумҳури мансуб мекунад.

Барчасп

Назарҳо