Март 31, 2020 17:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлид, содирот ва воридоти маҳсулоти нассоҷӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ибтидои имсол тавлид, содирот ва воридоти маҳсулоти нассоҷиро афзоиш дод.

Ба нақл аз Авесто,  дар ду моҳи имсол тавлиди ришта, алёфи пахта ва риштапахта 1.5 баробар афзоиш ёфтааст.

Мизони содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва ба вижа алёфи пахта 60 дарсад (ба арзиши 45 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Дар январ-феврал  мизони содироти маводди нассоҷӣ ва маҳсулоти сохташуда аз онҳо ҳудуди 44 миллиону 984 ҳазор доллар буда, ки ин рақам 60 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2019 аст.

 31 миллиону 598 ҳазор доллар аз ин миқдор даромади ҳосил аз фуруши алёфи пахта бо афзоиши 67 дарсадӣ аст.

Дар ҳамин замон, мизони воридоти маводди нассоҷӣ ва маҳсулоти ҳосил аз он 11 миллион доллар ( бо афзоиши 58 дарсад) будааст.

 

Назарҳо