Март 31, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Тоҷикистон ба иллати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Тоҷикистон ба иллати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста шуд.

Ин хабарро Павел Йиндра, мудири кулли “Ҳилтон Душанбе Ҳотел” дар Фейсбук эълом кард ва гуфт, ба далели пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, мо тасмим гирифтем, ки меҳмонхонаро аз аввали апрели 2020 то иттилои баъдӣ таътил кунем.

Ӯ афзуд: Дар шаҳр сатҳи фаолиятҳои соҳибкорӣ поён омада, парвозҳо лағв шудаанд, ки инҳо аз дигар иллатҳои баста шудани меҳмонхонааст.

Павел Йиндра навишт: Мудирияти меҳмонхона раванди контрол ва паҳншавии коронавирус ва аз саргирии парвозҳо ва фаолияти ширкатҳоро зери назар дорад ва ба маҳзи одди шудани вазъият кори худро оғоз мекунем.

Меҳмонхонаи 12  қабатаи Ҳилотон Душанбе  бо 144 утоқак, ки то соли 2018 бо номи Шрейтон фаолият мекард, дар сентябри 2014 ва ба муносибати фаро расидани бисту панҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон фаолияти худро дар пойтхати Тоҷикистон оғоз кард.

Назарҳо