Апрел 01, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон; имсол дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон имсол дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд баргузор мешавад.

 Ин ҷашнҳо бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон , намояндагони давлату парлумон ва мардум баргузор мешавад.

 Раҷаббой Аҳмадзода,раиси вилояти Суғд гуфт : Барои баргузории ин ҷашнҳо бинои Кохи фарҳанг бо зарфияти 1000 нафар, варзишгоҳ барои 10 ҳазор нафар тамошогар ва биноҳои маскунии панҷошёна дар ҳоли сохтан аст.

 Ӯ афзуд:Хароҷоти сохти Кохи фарҳанг ҳудуди 30 миллион сомонӣ аст ва аз назари зарфият яке аз бузургтарин сохтмонҳои кишвар хоҳад буд.

 Раҷаббой Аҳмадзода гуфт : Барои сохти варзишгоҳи 10 ҳазорнафарӣ низ ҳудуди 11 миллион сомонӣ сарф мешавад.

27- июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик тавофуқномаи сулҳро имзо карданд.

 Имзои ин санад, ки бо миёнҷигарии Русия ва Эрон сурат гирифт, мунҷар ба хотимаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд; ҷанге, ки аз соли 1992 то 1997 ҳудуди 150 ҳазор кушта ва як миллион овора бар ҷой гузошта буд.

 

Назарҳо