Апрел 02, 2020 01:23 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди ботил шудани мадраки доктории як тоҷик ба иттиҳоми сирқати илмӣ

Шӯрои илмии маркази миллии ҷарроҳии Русия ба Вазорати тандурусти ин кишвар пешниҳод кард, ки мадраки доктории як тоҷик ба иттиҳоми сирқати илмӣ ботил шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона,  ин шӯро муддаи шудааст, ки Абдурасул Сангинов устоди Донишгоҳи улуми пизишкии Абуали Синои Тоҷикистон соли 2011 ҳангоми таҳияи поённомаи докторӣ бо мавзӯи "Роҳнамоии тангии нафас барои беморони мубтало ба бемории сил" бидуни ишора ба манобеи илмии донишмандони русӣ аз осори онон сирқати илмӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомали Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори хеш бо равшанфикрон ва донишмандони тоҷик дар остонаи ҷашни Наврӯзи имсол гуфта буд,ки дар панҷ соли охир 40 маротиба сирқати илмӣ аз осори донишмандони хориҷӣ аз поённомаҳои доктории донишҷӯёни тоҷик кашф шуда, ки ин мавзӯ ба ҷойгоҳи илмии кишвар латма мезанад.

Назарҳо