Апрел 02, 2020 12:34 Asia/Dushanbe
  • Боздошти зориби яке аз мухолифони ҳукумати  Тоҷикистон дар Литвия

Пулиси кишвари Литвия дар каронаи дарёи Балтика аз боздошти як фард ба иттиҳоми зарбу шатми Илҳомҷон Ёқубов аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Ба нақл аз сомонаи Тп Ти Ҷи, мақомоти идораи пулиси шаҳри Каванас эълон кардаан,ки фарди мазнун ба зарбу шатми Илҳомҷон Ёқубов раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказиро боздошт кардаанд,ки табааи 27 солаи Тоҷикистон мебошад.

Аммо ин мақомот ном, шуғл ва ангезаи ин иқдоми фарди зорибро эълон накардаанд.

Гуфта мешавад Ёқубов дар идораи пулис фарди зорибро шинохтааст ва кормандони интизомӣ аз вай хостаанд то поёни таҳқиқот аз эълони номи ин фард худдорӣ кунад.

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ бахше аз Паймони миллии Тоҷикистон як Иттилофи мухолифи давлати Душанбе дар хориҷ мебошад.ки фаолияти он дар Тоҷикистон ба унвони Созмони ифротӣ мамнуъ аст.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон алайҳи Илҳомҷон Ёқубов ба иттиҳоми барангехтани кина ва адовати миллӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ ва даъват барои барандозии низоми сиёсии ҳоким дар ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ ташкил додаанд.

Назарҳо