Апрел 05, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии имзо барои муоф кардани коргарони муҳоҷири тоҷик аз пардохти маблағи муҷаввизи кор

Чанд марказ ва сомонаҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, ба далели хурӯҷи коронавирус ва таътилии идора ва корхонаҳо, ҷамъоварии имзо барои муоф кардан коргарони муҳоҷири тоҷик аз пардохти маблағи моҳиёнаи муҷаввизи корро оғоз кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи "Ахбор"-и Осиёи Марказӣ, Валентина Чопик, яке аз мудофеони ҳуқуқи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, аз тариқи сомонаи Change.org иқдом ба ҷамъоварии имзо барои муоф кардани коргарони муҳоҷири тоҷик аз пардохти маблағи моҳиёнаи муҷаввизи кор, мутаваққиф сохтани раванди сабт ва тамдиди иқомати онон ва поён додан ба таҳқиқ ва тафаҳҳус аз ин афрод дар даврони хурӯҷи коронавирусро хостор шудааст.

Ҳамчунин Вадим Кожинов, раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия аз нахуствазири ин кишвар дархост кардааст, ки дар даврони таътилии марокизи саноатӣ ва тавлидӣ ба далели ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус, коргарони муҳоҷири тоҷикро аз пардохти маблағи моҳиёнаи муҷаввизи кор муоф кунад.

 

Барчасп

Назарҳо