Апрел 07, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Далели набуди вируси корона дар Тоҷикстон аз нигоҳи вазири тандурустӣ

Вазири тандурустии Тоҷикистон далели набуди фарди мубтало ба бемории коронавирус дар ин кишварро тавзеҳ дод.

Ба нақл аз сомонаи  pressa.tj, Насим Олимзода таъкид кардааст, ки тадобири шадид барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус дар Тоҷикстон муҷиб шуда, ки то имрӯз ҳеҷ мавриде аз ибтилои ин беморӣ дар кишвар мушоҳида нашавад.

Ба гуфтаи вай тамоми афроде, ки вориди Тоҷикистон мешаванд дар сурати доштани таб 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд ва ба манзури иртиқои сатҳи дониши пизишкон 8 нафар аз мутахассисони вирусшиноси ин кишвар дар Русия давраҳои омӯзишии вижаро фаро гирифтанд.

Эдвард Палитоев- коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон эълом кард, ки далели аслии набуди фарди мубтало ба коронавирус дар Тоҷикстон ва Туркманистон баста будани марзҳои ин ду кишвар аст. Зеро шаҳрвандони ин ду кишвар ба хориҷ камтар сафар мекунанд ва хориҷиҳо низ дар муқоиса бо Узбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ва Туркманистон камтар меоянд.

 

Назарҳо