Апрел 08, 2020 21:41 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши бесобиқаи бархе меваҳо бо хосияти тақвияти системаи эминии бадан дар Тоҷикистон

Фурӯши бархе меваҳо, ки хосияти тақвияти системаи эминии баднро доранд, дар Тоҷикистон афзоиш пайдо кардааст.

Ба иттилои расмӣ ҳеҷ мавриде аз ибтило ба бемории корона эълом нашудааст, вале бисёре аз сокинони Тоҷикистон бар ин боваранд, ки бо сир, лиму ва дуди испанд системаи эминии онҳо тақвият ва дар баробари ибтило ба ин беморӣ муқовим мешаванд.

Се баробар шудани тақозо барои хариди сир ва лимутурш дар бозорҳои Тоҷикистон дар як моҳи гузашта сабаб шуда, ки қимати як килограмм сир ба 11 доллар ва лиму низ ба 3 доллар бирасад. Ҳамчунин қимати испанд низ ду баробар шудааст. Фурӯшандагон аз афзоиши тақозо барои хариди сир ва лиму розӣ ҳастанд ва аз гуфтани хосиятҳои муъҷизаосои ин меваҳо хаста намешаванд.

Аммо сири кофӣ дар бозорҳо вуҷуд надорад, зеро аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешуд ва дар ҳоли ҳозир марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон баста аст.

Онҳо мегӯянд, фасли лимуҳои тоза низ рӯ ба поён аст.

 

 

 

 

Назарҳо