Апрел 09, 2020 20:49 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли миллионҳо моски пизишкӣ аз Тоҷикистон ба Итолиё

Тоҷикистон 11 миллион моски пизишкии коронавирус ба Итолиё ирсол мекунад.

Ба гузориши Tajik Ta, ин иқдомот дар чорчуби тавофуқномаи имзо шуда дар мавриди ҳамкорӣ байни ширкати тавлидии "Ҷавонӣ" -и шаҳри Хуҷанд бо ширкатҳои итолиёӣ анҷом шудааст.

Ирсоли москҳои ширкати Тоҷикистони ба Италия дар ростои барномаи зидди короноии ин кишвари аврупоӣ, барномарезӣ шудааст.

Итолиё яке аз манотиқи аслии олуда ба вируси корона дар Аврупо аст.

Ба гуфтаи Абдурауф Пулодов,намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳамакнун ширкати «Ҷавонӣ» рӯзона 20-25 ҳазор моски пизишкӣ аз порчаи пахта тавлид мекунад. Колоҳои ин корхона дар Тоҷикистон ва хориҷ аз ин кишвар фурӯхта мешавад.

 

Барчасп

Назарҳо