Май 22, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Дафни фарзанди қаҳрамони Тоҷикистон дар Маскав

Фарзанди қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар Маскав ба хок супурда шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Рустами Шоҳтемур, ҷавонтарин писари Шириншоҳ Шоҳтемур буд ва мехост дар Тоҷикистон дафн шавад, аммо пайкари вай ба ватан мунтақил нашуд.

Рустами Шоҳтемур - писари қаҳрамони Тоҷикистон дар қабристони Захаровскийи Маскав ба хок супурда шуд.

Ин хабар дар сафҳаи Фейсбуки Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом шуд.

Рустами Шоҳтемур 25 январи 1936 дар Маскав мутаваллид шуд ва аз муассисаи ҳавопаймоии Маскав фориғуттаҳсил шуд ва муддати тӯлонӣ ба унвони муҳандиси тарроҳӣ дар заминаи сохти ҳавопаймо машғул ба кор шуд.

Аҳмадов гуфт, ки Рустами Шоҳтемур ҳамеша мехост дар меҳани таърихии падараш дафн шавад, аммо ҷасади вай ба далели бемории корона ба Тоҷикистон мунтақил нашуд.

Шириншоҳ Шоҳтемур - қаҳрамони миллии Тоҷикистон 1 декабри 1899 дар ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон мутаваллид шуд ва дар 27 октябри 1937 дар Маскав бо дасисаи душманон ба иттиҳоми бофтаи фаъолият алайҳи давлати Шӯравӣ паронда шуд. Сиёсатмадор ва фаъол дар Ҷумҳурии сотсиалистии худмухтори Тоҷикистони Шӯравӣ буд, ки нақши муҳиме дар ташкили Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистони Шӯравӣ ифо кард.

Дар хотири бисёри ҳамзамонҳо ва наслҳои баъдӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун мубориз ва асосгузори Тоҷикистони шӯравӣ ҷой гирифтааст, ки аз аввали солҳои 20-ум ба зарурати ташкили давлати мустақили Тоҷикистони шӯравӣ ва пайвастсозии ҳавзаи Хуҷанд ба он пойфишорӣ мекардааст.

 

Назарҳо