Май 23, 2020 10:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 10 дарсадии қимати маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон

Аз ибтидои имсол то кунун, дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ ҳудуди 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Спутник, қимати сирпиёз 3 баробар, картошка ва лимон 2 баробар, себ 36 дарсад, орд 14 дарсад, помидор 13 дарсад, макарон 12 дарсад, сабзӣ ва равғани пахта 7 дарсад ва шакар 7 дарсад дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори расмии ниҳодҳои Тоҷикистон, аз январ то апрели соли ҷорӣ таваррум дар кишвар 5 дарсад будааст.

Аммо қимати бодиринг 57 дарсад, пиёз 10 дарсад, шир 9 дарсад, мурғ 5 дарсад ва тухми мурғ 5 дарсад коҳиш ёфтааст.

 

Назарҳо